People Also Liked

Филмбардорӣ аз рафти амалӣ намудани Ташаббус

Posted by NGO TNWplus
Ташаббуси "Фаъолгардонии кумитаи маҳал дар ҷамоатҳои дурдасти шаҳри Ҳисор" дар чаҳорчубаи лоиҳаи "Фаъолгардонии ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сифати шахсони амалкунанда дар соҳаи идоракунӣ, ҳисоботдиҳӣ ва амалинамоии лоиҳаҳо барои рушди минтақаҳои деҳот" аз тарафи ТҶ "Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО" дар ҳамкорӣ бо Хазинаи Авруосиёги Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо, дар Кумитаи маҳаллаи "Баракат"-и ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода амалӣ шуда истодааст. Имрӯз гуруҳи филмбардорон аз рафти амалисозии ташаббус дидан намуда сараввал аз саҳми мақомоти давлатӣ (Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ) шинос шуданд. Ҳалимҷон Раҳимов муттахасиси ташаббус аз сатҳи некуаҳволии ноҳия, миқдори ҷамоатҳо, деҳаҳо, сухан намуда қайд намуд, ки дар интихоби деҳаи мавриди ҳадаф таҳқиқи пурраи сатҳи зиндагӣ, имкониятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии маҳал дар назар гирифта шуд. Ҳамчунин барои касбомӯзӣ аз тарафи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 15 нафар ҷавонзанони деҳа бо касби дӯзандагӣ ва ҳунарҳои миллӣ фаро гирифта шуданд. Ӯ инчунин қайд намуд, ки мақомоти давлатӣ пурра идрорпулӣ ва пардохти муаллимро ба ӯҳда гирифт. Баъдан филмбардорон аз рафти хизматрасонӣ дар Кумитаи маҳаллахонаи Баракат наворбардори намуда, ҳамчунин аз рафти таъмири утоқҳои иловагӣ аз тарафи соҳибкорон ва даромади маҳаллахона шинос гардиданд. Дар охир роҳбари лоиҳа Шухрат Латифов ба филмбардорон оиди консепсияи лоиҳа, нақшаҳо ва ҳадафҳо нақл кард. (Барои болидахотирии филмбардорон Раиси маҳаллаи Баракат якчанд мусиқии классикӣ ва сурудӣ "Муҳоҷири ғарибро ба иҷро расонд. Шумо низ метавонед аз он башраманд шавед "аз дақиқаи 2-уми навор)
Posted September 25, 2019
click to rate

Embed  |  556 views

Comments

0 comments