Общайтесь с Людьми

Мир - это книга. Те, кто не общаются с другими, пропускают много страниц.
Пригласите пользователей

Browse Members

1,509 members found.

  • Имдоди Гайрат мрӯз тахти лоихаи “ Баланд намудани иктидори Кумитаи махаллаи  Кайрагочи доир ба ҳалли масалахои афзалиятдошта бо ро[и таъсиси чойхои нави кори ва ташкили омузиши занону духтарон, дастгирии ташабусхо ва фаъолгардонии  чомеаи шахрванди ” маросими пешниҳоди мақсад ва ҳадафҳои лоиҳа бо роҳбари кумитаи маҳал Деҳқонова У вохӯри баргузор гардад.  Дар вохӯрӣ аз тарафи координатори лоиҳа Боҳирова М. мақсад ва ҳадафҳои лоиҳа пешниҳод карда шуд.  Раиси маҳалла тасмим гирифт, ки бо фаъолони маҳалла барои таъмири бинои кумитаи маҳалла саҳми худро мегузоранд. 
    Jul 26

  • ОО" Садои умед" РАМАЗОН –даъвате аст ба бозёфтани «худи гумшуда», нидое аст барои таваччух ба худи фаромушшуда, зиёфате аст барои тановул (хурдан) аз дасторхони «такво» ва «пархезкори» ва поёни ин мехмони бар суфраи Худо ИДИ КАБУЛ аст. Иди тавфик ба «Тоат» ва «итоат», иди тавба ва пок кардани нафс. Иди зикр ва ёди махрумон ва гуруснагон. Иди ба даст гирифтани нафс ва назорат ба хостахо. Агар такво ва пархезкори   фалсафаи фаризаи руза аст (лаъалакум таттакун ), ва агар руза озмоиши ихлоси бандагон аст (васиёму ибтилоъи лиихлосилхалк) пас фитр хам иде аст бар ин пирузии маънави дар чабхаи «чиходи акбар» Агар галаба бар хасми берун шайпури пирузи металабад, пирузи бар хасми дарун (нафси бад) чашни рухони дорад бо номи «Иди Фитр». Агар дар банди «шикам» ва «шахват» будан асорат аст, руза рахосозандаи инсон аз ин «таъааллук» аст. Пас «фитр», шодии ин тавфики якмоха дар махор задан бар хостахои нафс ва таманниёти гароиз аст. Дуруд бар дасте, ки дар ин мох бар чехраи ятиме лабханди шоди нишондааст. Табрик бар касе, ки саодати «таъоми факир» дошта аст. Хучаста аст дасте, ки аз мехр бар сари ятиме кашида шудааст. Мархабо бар моле, ки дар рохи Худо ва Халк харч шудааст. Иди Фитр подоши «ифтор»-хои холисона ва бачост. Мухри кабули инфокхои ба касди наздик шудан бо Худост. Мохеро пушти сар ниходем, ки фасли ибодат ва бахори Куръон буд. Аз шаб то руз баракоти осмони нозил мешуд. «Шаби кадр»-аш авчи ин чазбаи маънави буд, ки бар тораки Рамазон медурахшид. Рамазон мохе буд хучаста ва муборак –бо шабзиндадории соликон, бо ашкхои шаббедорон, бо истигфорхои мутахаччидон, бо «ё раб ё раб»-хои сахархезон, бо дастхои кушода аз ниёз, бо дилхои ларзон аз хаф ва хашияти Худо, бо лахазоти саршор аз маъно ва маънавияти пеш аз ифтор, бо тараннуми дилнишин ва хазини «тиловати Куръон» дар субх ва шом, бо намозхои мустахаби ва рузона, бо таваччухи бештар ба Худо, бо кохиши чашмгири гунох, такаллуб, найранг ва макру тазвир, бо зинда шудани «чароги фитрат» дар шабистони «дил», бо омодагии 30—руза барои нишастан перомуни шабчароги «Фитр» . Пас ин ид гувохномаи комёби ва мувафакият дар «дарсхои мухтасари Рамазон» аст «Фитр» иди Худочуи ва Худотарси ва Худопарасти аст.   Ин Рамазон низ гузашт... Умедворам, ки рузаи дил ва рузаи забон, ки аз рузаи шикам авлотар аст 366 руз бо мо бошад ва аз касоне набошем ки самараи рузадориашон чуз ташнаги ва гуруснаги чизе набошад. Иди саъиди Фитр бар фотехони арсахои «чиход бо нафс» гироми бод !
    June 14, 2018