Тендер на закупку

  • Ташкилоти ҷамъиятии "Фидокор" баҳри баланд бардоштани бехатарии устувори ғизоӣ, амалияи беҳдоштӣ, нигоҳубини занону кӯдакон дар ҷамоатҳои деҳоти водии Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳа амалӣ менамояд.   Дар айни замон, ташкилоти ҷамъиятии "Фидокор" соли дуюм аст, ки дар ҳамкории зич бо Welthungerhilfe (Агро Аксияи Олмон/Agro Action) ва HELVETAS Intercooperation gGmbH лоиҳаи «Такмили амнияти устувори ғизо ва амалияи гигиенӣ ва нигоҳубин барои занону кӯдакон дар ҷамоатҳои деҳот дар водии Рашти Тоҷикистон»-ро амалӣ мегардонад. Ҳадафи умумии ин лоиҳа мусоидат ба беҳтар намудани ғизо ва саломатии оилаҳои деҳоти минтақаи Сангвор бо таваҷҷӯҳи хоса ба кӯдакон ва занони қобили таваллуд мебошад. Дар охири лоиҳа занони қобили таввалуд, кӯдакон ва умуман оилаҳо дар 64 деҳаи Сангвор хӯроки беҳтар ва серғизоро истеъмол мекунанд.  Ташкилоти ҷамъиятии "Фидокор" дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур барои сохтани гармхонаҳо маҳсулоти сохтмонӣ  музояда эълон мекунад. Хоҳишмандони иштирок дар озмуни мазкур нархнома ва ҳуҷҷатҳои заруриро (шаҳодатномаи бақайдгирӣ, иқтибос аз феҳристи давлатӣ, РМА, нусхаи шиносномаи роҳбар) бояд пешниҳод кунанд. Мӯҳлати  охирини  қабули  пешниҳодҳо:  05-феврали  соли  2021,  соати  17:00  бо  вақти Душанбе. Почтаи электронӣ: i.dadaboev@fidokor.tj, info@fidokor.tj


    Барои дарёфти маълумоти иловагӣ метавонед тариқи телефонҳои +992 935005089,+992 918631235 муроҷиат намоед.


     

157 views