Нишасти корӣ таҳти ташаббуси "Фаъолгардонии кумитаи махал дар ҷамоатҳои дурдасти шаҳри Ҳисор"

  • Мутобиқ ба реъҷаи кории Ташаббуси "Фаъолгардонии кумитаи маҳал дар ҷамоатҳои дурдасти шаҳри Ҳисор" дар чаҳорчубаи лоиҳаи "Фаъолгардонии ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сифати шахсони амалкунанда дар соҳаи идоракунӣ, ҳисоботдиҳӣ ва амалинамоии лоиҳаҳо барои рушди минтақаҳои деҳот" аз тарафи ТҶ "Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО" дар ҳамкорӣ бо Хазинаи Авруосиёги Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо, дар Кумитаи маҳаллаи "Баракат"-и ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода амалӣ шуда истодааст, санаи 5 октябри соли 2019 нишасти корӣ бо иштироки шарикони лоиҳа гузаронида шуд.

    Дар нишасти корӣ роҳбари ташаббус- Шуҳрат Латифов, менеджер-Курбон Назаров, мутахассиси ҷалбшуда Ҳалимҷон Раҳимов, Раиси кумитаи маҳаллаи "Баракат"-Гулмуродов Сафармурод, муҳосиби махаллаи "Баракат"-Додихудоев Ҷурахон ва аъзои раёсати кумитаи махалла Бобиев Амриддин иштирок доштанд.

    Масалаи асосии нишаст натиҷагирӣ аз даври аввали иҷроиши нақшаи амалигардонии лоиҳа буд. Сараввал Раиси махалла оиди корҳои ба анҷом расида ҳисобот дода, инчунин қайд намуд, ки бо саҳмгузории лоиҳа, соҳибкорон ва аҳолии маҳалла ҳуҷраи кории кумитаи маҳал бо ҳама шароиташ ба истифода дода шуд. У инчунин қайд намуд, ки бо ин иқдом аҳоли ва соҳибкорон руҳбаланд шуда як ҳуҷраи дигарро пурра ба истифода доданд ва ҳоло корҳои таъмир дар ҳуҷраи дигар идома дорад.

       

    Баъдан мутахассиси ҷалбшуда оиди бо курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта шудани 15 нафар ҷавондухтарони маҳаллаи "Баракат" бо саҳмгузории Агентии давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳисобот дода, қайд намуд, ки ҳамаи иштирокчиён ҳамчун бекор ба қайд гирифт шуда дар рафти хониш бо идрорпулӣ таъмин карда мешаванд.

    Курбон Назаров менеҷери ташаббус ҳозиринро бо рафти мубодилаи таҷриба бо шарикон аз вилояти Суғд шинос намуда қайд намуд, ки кумитаи маҳалла дар Суғд алалхусус дар шаҳри Конибодом бо истифода аз имкониятҳои маҳал хизматрасониро хуб ба роҳ монда аз даромади ба даст омада масъалаҳои дар маҳал вуҷуддоштаро сари вақт иҷро менамояд. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки доштани ҳуҷҷатҳои лозимаи маъмурӣ, РМА ва суратҳисоб ба кумитаи маҳал имконият медиҳад, ки дар оянда дар бурсҳо ба алоҳидагӣ худ иштирок намояд ва фаъолияти даромаднокро дар маҳал пиёда созад.

    Муҳосиби маҳалла оиди рафти гирифтани РМА ва кушодани суратҳисоб сухан намуда қайд намуд, ки дар нозироти андоз номнависии кумитаи маҳаллро дар Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб доранд.

    Шухрат Латифов оиди нақша чорабиниҳо таҳти ташаббус сухан намуда барои ҳал намудани муаммоҳо якчанд вазифагузорӣ намуд:

    1) Ба муҳосиби кумитаи маҳал-Додихудоев Ҷурахон  ва муҳосиби ташаббус Бунафша Исмоилова вазифагузорӣ карда шуд, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳоро барои гирифтани РМА ва кушодани суратҳисоб омода созанд ва ҳангоми аз тарафи нозироти андоз рад кардан ба муттахасисони ХАОМ Тоҷикистон барои кӯмак муроҷиат намоянд.

    2) Муттахасис номугуи хизматрасонихоро бо раиси маҳалла омода сохта дар маҷлиси навбатии раёсат бо протоколи маҷлис тасдиқ намуда барои ҳамоҳангсозӣ бо Ҷамоати Деҳоти М.Турсунзода, пешниҳод намоянд.

    3) Боибиев Амриддин ва соҳибкорони маҳалла бо дастгирии Раиси маҳалла оиди омода сохани бино барои кушодани фаъолияти даромаднок уҳдадор гардиданд ва ҳамчунин қарор қабул карда шуд, ки дари даромади биноро аз саҳни ҳафлии масҷид берун намоянд.

    Ҳамчунин Шухрат Латифов ба ҳозирин вазифагузорӣ намуд ки то моҳи декабри соли 2019 нақшаи кории Кумитаи маҳал дар нимсолаи аввали соли 2020 бояд коркард шавад ва дар асоси ин нақша метавон дар даври дуюми грантӣ лоиҳа пешниҳод кард. Зероки Ташкилоти Ҷамъиятӣ танҳо бо такя ба нақша чорабиниҳои Кумитаи Маҳалла ва талаботи аҳолии он метавонад лоиҳа коркард намояд.

       

       

      

     PS: Ҳамчунин аз тарафи кормандони ташаббус (ТҶ "Шабкаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО") таҷҳизотҳои ба Кумитаи Маҳал супоридашуда Тамғагузорӣ карда шуданд:

      

      

     

     

Comments

0 comments