Мубодилаи таҷриба байни ташкилотҳои ҷамъиятии вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе таҳти ташаббус.

  • Ташаббуси "Фаъолгардонии кумитаи маҳал дар ҷамоатҳои дурдасти шаҳри Ҳисор" дар чаҳорчубаи лоиҳаи "Фаъолгардонии ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сифати шахсони амалкунанда дар соҳаи идоракунӣ, ҳисоботдиҳӣ ва амалинамоии лоиҳаҳо барои рушди минтақаҳои деҳот" аз тарафи ТҶ "Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО" дар ҳамкорӣ бо Хазинаи Авруосиёги Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо, дар Кумитаи маҳаллаи "Баракат"-и ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода амалӣ шуда истодааст.

    12 сентябри соли 2019  дар чаҳорчубаи лоиҳаи "Фаъолгардонии ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сифати шахсони амалкунанда дар соҳаи идоракунӣ, ҳисоботдиҳӣ ва амалинамоии лоиҳаҳо барои рушди минтақаҳои деҳот", Ташкилоти Ҷамъиятии “Имдоди Ғайрат”  барои мубодилаи таҷриба ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Дар рафти ташриф Роҳбари ташкилоти мазкур аз кор ва фаъолияти Ташкилоти Ҷамъиятии TNW plus дидан намуда, аз таҷрибаи ташкилот дар самтҳои гуногунӣ иҷтимоӣ ва лоиҳаҳои ҷоришуда истода шиносоӣ намуданд. Ҳамчунин аз Ташаббуси "Фаъолгардонии кумитаи маҳал дар ҷамоатҳои дурдасти шаҳри Ҳисор" дар чаҳорчубаи лоиҳаи "Фаъолгардонии ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сифати шахсони амалкунанда дар соҳаи идоракунӣ, ҳисоботдиҳӣ ва амалинамоии лоиҳаҳо барои рушди минтақаҳои деҳот" аз тарафи ТҶ "Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО" дар ҳамкорӣ бо Хазинаи Авруосиёги Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо, дар Кумитаи маҳаллаи "Баракат"-и ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода амалӣ шуда истодааст дидан намуда дар вохурии гурӯҳи корӣ иштирок намуданд. Дар вохӯрӣ мӯҳтарама Боҳирова аз таҷрибаи ташкилот ва махаллаҳои вилояти Суғд (ш.Конибодом) сухан намуда қайд намуданд, ки фаъолгардонии кумитаи махал ва ҷорӣ намудани лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар маҳал дар вилояти Суғд дар сатҳи баланд гузошта шудааст. Ҳамаи фаъолияти Кумитаҳои маҳал расмӣ гардонида шуда, маҳаллаҳо дорои ҳуҷҷатҳои маъмурӣ, утоқи корӣ ва муҳосиботи худро доранд.

    Дар мубодилаи назар дар самти расмӣ гардонии хизматрасониҳо муттахасиси лоиҳа Ҳалимҷон Раҳимов аз вазъи пардохтпазирии аҳолӣ дар шимоли Тоҷикистон сухан карда қайд карданд, ки дар ин самт бояд шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии маҳалро ба назар гирифт ва номгӯйи хизматрасониҳоро мутобиқ ба талаботи аҳоли коркард кард.

    Қурбон Назаров, ҳамоҳангсози лоиҳа бо назардошт ва таҳлили таҷрибаи пешрафтаи вилояти Суғд, таклиф пешниҳод намуданд, ҳамаи номгӯйи хизматрасонӣ пеш аз рами гардонидан дар маҷлиси умумии деҳа, бо ба имзо расонидани протокол тасдиқ карда шуда ба таври санҷиши дар муддати муайян ҷорӣ карда шавад. Ҳамчунин баъд аз муддати санҷишӣ бо асоснокнамудани нархномаи хизматрасониҳо дар кумитаи зиддимонополӣ ҳамоҳанг карда шавад.

    Раиси кумитаи маҳаллаи “Баракат” Гулмуродов Сафармурод аз саҳми иловагии аҳолии деҳа ва соҳибкорони инфироди сухан намуда иброз намуд, ки аз натиҷаҳои ба дастомада аҳолӣ ва соҳибкорон руҳияи баланд гирифта тасмим гирифтанд боз як ҳуҷраро барои кушодани маркази омӯзишии ҳунарҳои миллӣ ва китобхона огоз намоянд.

    Чурахон Додхудоев корбар ва муҳосиби маҳалла иброз намуд, ки 15 нафар ҷавондухтарони деҳа номнавис шуда барои гузаронидани тренинги дӯзандагӣ омода шудаанд ва аз тарафи муттахасиси лоиҳа Ҳалимҷон Раҳимов онҳо ҳоло дар Агентии давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор мақоми бекорӣ гирифта истодаанд. Рӯзҳои наздик курси омӯзишӣ оғоз хоҳад шуд. Инчунин бархе аз шаҳрвандони деҳа алҳол дар маркази таълими калонсолон аз курсҳои омӯзишӣ гузаштанд. Ҷурахон Додхудоев ҳамчунин қайд намуд, ки ҳоло ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ аз тарафи ӯ омода шуда истода маблағҳои даромад ва хароҷот дар компутер ба таври электронӣ ба қайд гирифта шудаанд.

      

      

      

      

     

Comments

0 comments