КМ “БАРАКАТ” яке аз марказҳои ба рӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода гашт

  • Ба рӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда ҳар даҳсола бо дастгирии Ҳукумати ҶТ ва шарикони рушд гузаронида мешавад. КМ “БАРАКАТ” низ имсол ҳамчун яке аз марказҳои ба рӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил интихоб шуд. Дастовардҳои кумитаи маҳал ва шароити маъмурии хуби маҳаллахона имкон медиҳад ҳама семинарҳои омӯзишӣ ва дигар маъаракаҳо дар ин марказ гузаронида шавад.

    Саҳми иқдоми “Фаъолгардонии кумитаҳои маҳал дар ҷамоатҳои дурдасти шаҳри Ҳисор” ки бо шарикии Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ мешавад,  яке аз заминаҳое мебошад, ки Кумитаи маҳалларо ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, дорои захираҳои модди ва маъмурӣ гардонид. Ҳоло Кумитаи маҳаллаи “Баракат” намунае мебошад, ки барои фаъолгардонии Кумитаҳои маҳаллаи минтақа ҳамчун таҷрибаи пешрафта ҳисоб шавад.

    Дилафрӯз Ҳакимова муттахасиси  иттилоотии маркази модули КМ “Баракат”

Comments

0 comments