Хазинаи Авруосиёии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон ва ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаи “Фаъолгардонии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи идоракунӣ, ҳисоботдиҳӣ ва амалисозии лоиҳаҳо барои рушди минтақа

  •  

    Хазинаи Авруосиёии Осиёи МарказӣТоҷикистон ва ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаи “Фаъолгардонии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи идоракунӣ, ҳисоботдиҳӣ ва амалисозии лоиҳаҳо барои рушди минтақаҳои деҳот” -ро, ҷамъбаст менамоянд.

    Аз соли 2018 инҷониб Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон (минбаъд ХАОМ-Тоҷикистон) лоиҳаи “Фаъолгардонии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи идоракунӣ, ҳисоботдиҳӣ ва амалисозии лоиҳаҳо барои рушди минтақаҳои деҳот” -ро, ки аз ҷониби намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад, амалӣ менамояд. Дар доираи лоиҳа ба ташкилотҳои маҳаллӣ дар таҳияи лоиҳаҳои бурсӣ ва баъдан дар татбиқи ин лоиҳаҳои хурд, ки ба рушди деҳот дар Тоҷикистон равона шудаанд, кумак карда шуд. Ташкилотҳо тавонистанд ҳамкориҳоро бо мақомоти давлатӣ , бахши хусусӣ ва сохторҳои тиҷоратӣ васеъ намояд.

    Ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар даҳ ноҳияи вилояти Суғд ва Хатлон, инчунин шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (ШНТҶ) фаъолият менамоянд кумитаи маҳаллаҳо таъсис доданд. Ин кумитаҳо ҳамчун платформаи ҳисоботдиҳанда барои идоракунӣ ва ҳамзамон рушди устувори муштараки деҳот хидмат мекунанд.

    Лоиҳа собит намуд,, ки фаъолсозии созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур мебошад. Аксарияти кумитаҳои маҳалла ба фаъолиятҳои даромаднок шурӯъ карданд, ки ин бешубҳа ба устувории молиявии онҳо таъсири мусбат расонид. Яке аз хусусиятҳои хоси лоиҳа дар он буд, ки дар лоиҳа саҳми мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва ҷомеаи маҳаллӣ ва иштирок дар ҳалли мушкилоти умумӣ пешбинӣ гардида буд.

    Дар конфронси ҷамъбастӣ бурсгирандагон натиҷаҳои дар доираи лоиҳа бадастовардаро байни ҳамдигар табодули андеша карданд ва кормандони ХАОМ-Тоҷикистон натиҷаҳои умумии лоиҳаро ҷамъбаст намуда, инчунин дар бораи дастовардҳо ва таҷрибаҳо суханронӣ намуданд.

    Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан ба суроғаи зерин муроҷиат намоед: кучаи Малика Собирова 63/2, 734024 Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, тел: (+992) 44 6102111, почтаи электронӣ: info@ef-ca.tj.