Рафти корҳо дар доираи лоиҳа

  •    

    Ташкилоти ҷамъиятии «Фародис» амалигардонии ташаббуси худро зери унвони “Рушди деҳа тавассути ҳамкории иҷтимоӣ”, ки дар ҳамкорӣ бо Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, таҳти лоиҳаи “Фаъолгардонии ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сифати шахсони амалкунанда дар соҳаи идоракунӣ, ҳисоботдиҳӣ ва амалинамоии лоиҳаҳо барои рушди минтақаҳои деҳот” бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо   давом дода истодааст.

    Қобили зикр аст, ки дар доираи ташаббус бо мақсади устувории Кумитаи маҳаллаи Ғалаба-1 ҷамоати деҳоти «Дўстӣ» барои таҳияи Оиннома, тайёр намудани бланка ва рамз машварати лозимӣ дода шуд. Баъди дар ҷамоати деҳот аз қайд гузаштан Кумита дар Нозироти андози ноҳия ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуда, соҳиби РМА гашт ва дар бонк суратҳисоби худро кушод.

    Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ азнавсозии бино барои гузаронидани ҷашну маросимҳо ва сохтмони бинои иловагӣ – утоқи кории кумитаи маҳаллаи мақсаднок оғоз ёфт. Барои ин аз ҳисоби маблағҳои лоиҳа барои рўйпуш кардани бом тунука харидорӣ карда дода шуд.

    Инчунин барои барқарорсозии обпартои деҳа аз ҳисоби лоиҳа қубурҳои пластикӣ харид карда дода шуд ва ҳамшарики лоиҳа – Кооперативи истеҳсолии «Вахиё» корҳои сохтмониро барои хобонидани қубурҳо ба анҷом расонида истодааст.

    Фаъолияти ташкилот дар доираи лоиҳа идома дорад.             

Comments

0 comments