Саммити Миллии Кӯдакон

  • Рӯзи гузашта, дар Шаҳри Душанбе Саммити Миллии Кӯдакон бахшида ба 30 солагии ҷашни Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид. Саммити мазкур зери роҳбарии Муовини Сарвазири ҶТ ҷаноби Азим Иброҳим дар ҳамкори бо Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, баргузор гардид. Ҷ-би Азим Иброҳим раиси коммисия оид ба ҳуқуқи кӯдак мебошанд. Дар рафти Саммит, намояндагони вазоратҳо ва кумитаҳои дахлдор, корпусҳои дипломатӣ, ҳамкорон ва шарикони рушд, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ҷамъияти ва кӯдакону наврасон иштирок намуданд.

    Аз санаи таърихи – ҷашнгирии 30 солагии Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, - истифода бурда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ, Барномаи ягонаи миллии кӯдаконро барои солҳои 2020 то 2030 пешниҳоди ҳамагон намуданд. Ин барнома ҳамаи ҳадафҳои Ҳукумати Тоҷикистонро вобаста ба ӯҳдадорииҳои давлатӣ ба кӯдакон дар чаҳорчӯбаи Ҳадафҳои рушди устувор дарбар мегирад ва нишонаи он аст, ки Тоҷикистон аҳди худро барои ҳар як кӯдак аз нав намуд.

Comments

0 comments