Омӯзиши серӯза барои намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳуқуқшиносони минтақа

  • Рӯзи 7 ноябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Бохтариён” – и шаҳри Бохтар тренинги серӯза барои намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳуқуқшиносони минтақа бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” оғоз гардид. Мавзӯъӣ баррасии дар рӯзи аввал, ин тарзи дуруст ва самараноки омодасозӣ ва истифодаи ҳуҷҷатгузориҳо дар ташкилотҳо буд, ки дар рафти он Дилафруз Самадова бомувафаққиятона тренери кард, ки ширкати фаъолона ва интерактивии иштирокчиён аз он далолат медод. Аз маслиҳату машварати Дилафруз Самадова шахсан ғоибона, дистансионӣ, онлайн истифода намуда будем. Ҳоло бошад, мустақиман. Ин як нав, барор дар омӯхтани мавзӯъӣ лозима. Дониш, маҳорат, малака, гуфтори озод ва овози форами тоҷикона. Аҳсан, офарин! Рафти машғулиятҳоро дар рӯзҳои минбаъда интизорем! #Тренинг – Бохтар – 2019. Рузи дуввум аст, ки дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Бохтариён” – и шаҳри Бохтар тренинги серӯза барои намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” идома дорад ва дар баробари зиёда аз 20 нафар иштирокчиён, мо 2 нафар аз ноҳияи Дӯстӣ, ман Раҳматулло Муродов – директори ташкилоти ҷамъятии ҷумҳуриявии - “Маркази Дастгирии “Навзамин” ва намояндаи Кумитаи Маҳаллаи Деҳаи “Пахтакор” аз ҷамоати деҳоти “Навзамин” дар он ширкат дорем. Мавзӯъӣ имрузаи ин чорабинӣ боз ҳам ҷолибтару муҳимтар: тартиби дурусти пешбурди PR (алоқа/ҳамкорӣ бо ҷомеа) ва паҳн намудани маълумоти бештар оиди ташкилот! Рафти тренинг, фарқкунанда. Аз оғоз мо ба 4 гурӯҳи хурди кори бо номҳои: “зуроварӣ/хушунат”, “муҳоҷирон”, “шахсони имконияти маҳдуддошта” ва “кумитаҳои маҳалла” тақсим шуда, тамоми давоми рӯз ба таври амалӣ бо иҷроиши супоришҳо кор пеш бурдем. Албатта дар оғози ҳар як кори гурӯҳи, муаррифномаи он самт аз тарафи тренери ҷавони Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” Шарипов Муҳаммадҷон пешниҳод мегардиданд. Корҳои гурӯҳии дар самтҳои “брендҳо ташкилотҳои ҷамиятӣ”, “портретҳои шахсиятҳо” ва амсоли онҳо бисёр шавқовар сурат гирифта а тарафи намояндагони ҳар як гурӯҳҳо муаррифӣ карда шуданд. Дар умум машғулиятҳо чунон ҳавасовар ба роҳ монда шуданд, ки ҳатто чи тавр ба итмом расидани вақти ҷудошударо нафаҳмида ҳам мондем. Ба иштирок дар рӯзи сеюм ва ниҳоии тренингҳо омодаем ва интизориҳои зиёд оиди аз худ кардани мавӯъҳо пешбинишударо дорем(пешниҳод аз гурӯҳи “кумитаҳои маҳалла”).

Comments

0 comments