Рӯзи Конститутсия муборак бод!

  • Ҳамвататони гиромӣ! Шуморо бо муносибати ҷашни Рӯзи Конститутсия табрику таҳният менамоем. Ҳанӯз 25 сол пеш, 6-уми ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ аввалин маротиба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Конститутсия хуҷҷати муҳими кишварамон ба ҳисоб рафта, асосҳои давлатдории ҳар яки моро нишон медиҳад. Аз ин лиҳоз ҳамдиёрони азиз, бори дигар бо як ҳисси баланди ватандорӣ бо Рӯзи Конститутсияи кишвари азизамон шуморо муборакбод мегӯем. Ҳамеша сиҳату сарбаланд бошед!

Comments

0 comments