Лагери тобистона барои кӯдакони дорои маъюбият

  • Summer camp for children with disabilities The Branch of the German CARITAS Association in Tajikistan brought together 70 children with disabilities, their parents and community rehabilitation workers from Ayni district in Shohin sanatorium to have a one-week recreation. The children with disabilities who had never been out of their district except going to hospitals and in most cases remain at home due to their visual, hearing, speech, mobility and intellectual impairments really enjoyed their time in the summer camp. The recreational program mainly included morning exercises, drawing, applique, bead weaving, pottery, swimming, poem recitation, singing, dancing, sport competitions and many other cultural, sport and art activities. Inclusion of children with disabilities in society, development of children’s skills and promotion of peer support as well as improvement of their parents’ caring skills was the main goal of the summer camp. To find press-release, please visit https: https://cloud.mail.ru/public/2zoS/223jEhjyJ Лагери тобистона барои кӯдакони дорои маъюбият Филиали Ассотсиатсияи КАРИТАС Олмон дар Тоҷикистон 70 нафар кӯдаки дорои маъюбият, волидайни онҳо ва кормандони тавонбахшӣ дар сатҳи маҳалро аз ноҳияи Айнӣ дар осоишгоҳи “Шоҳин” барои истироҳати якҳафтаина ба ҳам овард. Кӯдакони дорои маъюбият, ки боре ҳам аз ноҳия берун набаромадаанд, ба истиснои ба беморхона рафтан ва дар бисёр мавридҳо бинобар сабаби нуқсҳои биниш, шунавоӣ, нутқ, ҳаракат ва зеҳниашон дар хона боқӣ мемонанд, воқеан вақти худро дар лагери тобистона хеле хуш гузарониданд. Барномаи тафреҳӣ асосан аз машқҳои пагоҳирӯзӣ, расмкашӣ, ширешкорию гулдӯзӣ, мӯҳрабофӣ, кулолгарӣ, оббозӣ, шеъру сурудхонӣ, рақс, мусобиқаҳои варзишӣ ва бисёр чорабиниҳои дигари фарҳангию варзишӣ ва ҳунарӣ иборат буд. Ҳамгироии кӯдакони дорои маъюбият ба ҷомеа, рушди малакаҳои кӯдакон ва дастгирии ҳамдигар, инчунин беҳтар намудани малакаҳои волидайн дар мавриди нигоҳубини кӯдакони дорои маъюбият ҳадафи асоси лагери тобистона буд. Барои дарёфти баёнияи матбуотӣ, лутфан ба https://cloud.mail.ru/public/2vMG/2wC1WoSw5 ворид шавед.

Comments

0 comments