Вохӯрӣ бо Раиси ноҳияи Лахш Баротзода Файзулло Раҷаб бо Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон

  • Имрӯз Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, вохурии минтақавӣ дар мавзуъи "Конвенсия оиди ҳуқуқи маъюбон" ва қонунгузории ҶТ, ки ба ҳимояи ҳуқуқи маъюбон равона шудааст гузаронида истодааст. Вохӯрӣ бо Раиси ноҳияи Лахш Баротзода Файзулло Раҷаб гузаронида шуд, ки дар ин вохурӣ мақсад аз ташриф овардани намояндагони шахсони маъюбиятдошта ва гузаронидани мизи мудаввар гуфта шуд ва пешниҳод гардид, ки ҳангоми сохтмонҳои биноҳои нав ва таъмиру азнавсозии онҳо талаботҳо шахсони маъюбиятдошта ба назар гирифта шавад, ки ин пешниҳодро Раиси ноҳия хуб қабул намуданд ва кормандонашонро вазифадор намуданд, ки ҳатман ин пешниҳодро ба назар гиранд ва аз болои ин назорат баранд. Баъдан, мизи мудаввар бо иштироки намояндагони сохтор ва кумитаҳои давлатӣ дар минтақаи Лахш ва худи шахсони маъюбиятдошта баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои шахсони маъюбиятдошта баррасӣ гардид. Мақсад, аз баргузории ин вохуриҳо дар он аст, масъалаҳои маъюбон дар минтақаҳо бояд дар сатҳи баланд қарор дода шаванд, ки ин нахустин мебошад баҳри аз мушкилиҳои маъюбон дар минтақаҳо бохабар шудан ва пайдо намудани роҳҳои ҳалли онҳо.

Comments

0 comments