Шаҳодатномакунонии малакаҳои касбии кормандони ТСМ

  •  

    Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон (МТКТ) дар ҳамкорӣ бо лоиҳае, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Каритас Олмон маблағгузорӣ мегардад, сатҳи дониши 42 корманди тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал (ТСМ)-и ноҳияи Шаҳритузро мавриди санҷиш қарор дода, ба онҳо шаҳодатномаҳо тақдим кард.
    Ин кормандони ТСМ аз 35 корманди тиб, 2 корманди иҷтимоӣ ва 7 волидайн аз ноҳияи Шаҳритуз иборат мебошанд, ки онҳо дар аввали соли 2017 ба барномаи ТСМ, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Каритас Олмон маблағгузорӣ мегардад, ба таври ихтиёрӣ ҳамроҳ шуда, дар давоми солҳои 2017-2018 доир ба мавзӯҳои гуногуни марбут ба тавонбахшии шахсони дорои маъюбият омӯзиш гирифтанд.

    МТКТ аз рӯи ихтисоси кори иҷтимоӣ омӯзиши касбӣ пешниҳод намуда, ҳамин тариқ барои тайёр кардани мутахассисони сатҳи аввалия дар ноҳияҳо саҳм мегузорад. Шаҳодатномакунонии малакаҳои касбии кормандони ТСМ ба онҳо иҷозат медиҳад, ки ҳатто баъд аз анҷоми лоиҳа дар сатҳи маҳал ва хона хизматҳои иҷтимоӣ расонанд ва имконияти пайдо кардани кори доимӣ дар ин соҳа зиёд мегардад.
    Аслам Раҳимов, Роҳбари Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва Заринамо Мухторова, роҳбари ташкилоти Каритас Олмон дар Тоҷикистон кормандони тавонбахширо самимона пазироӣ намуда, дар якҷоягӣ бо масъулони чорабинӣ ба ҳар як корманди тавонбахш Шаҳодатномаҳо аз рӯи ихтисоси корманди иҷтимоӣ ва тавонбахширо супориданд. Дар навбати худ менеҷери хизматрасонии ТСМ дар ноҳияи Шаҳритуз Гулбаҳор Камолова аз номи кормандони ТҶ «Шифо» кормандони ТСМ дар ноҳияи Шаҳритузро барои соҳиби Шаҳодатнома шуданашон самимона шодбош гуфт.

    Гӯзал Сатторова, яке аз фаъолтарин корманди тавонбахши ноҳияи Шаҳритуз ба масъулони барномаи тавонбахши дар сатҳи маҳал миннатдории худро изҳор намуд. Гӯзал Сатторова, модари духтарчаи дорои маъюбия буда, ба аҳли ҷамъ хушҳолии худро аз он баён намуд, ки вазъи духтарчааш дар доираи хизматрасонии тавонбахшии барномаи ТСМ рӯз то рӯз беҳтар шуда истодааст ва ӯ, баробари ҳамсолонаш дар ҳамаи чорабиниҳои ҷамъиятӣ бо шавқу завқ, фаъолона иштирок мекунад.

Комментарии

0 комментариев