ОО "Мумтоз" дар нохияи Рудаки

  • Дар нохияи Рудаки, бахшида ба "Соли рушди дехот, сайёхи ва хунархои мардуми" аз 24 то 27 январи соли чори, бо ташаббуси ташкилоти чамъиятии "Мумтоз" дар доираи лоихаи “Фарохам овардани шароити мусоид барои рушди сохбкори ва ташкили чойхои кори дар нохияи Рўдаки", бо дастгирии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон, таҳти лоиҳаи “Қарорҳои навоварона оид ба милликунонӣ ва маҳалликунонии Ҳадафхои Рушди Устувор ва тақвияти имкониятҳои иқтисодии занон, ҷавонон ва шахсони қобилияташон маҳдуд”, семинар тренингхои омузиши дар мавзуи "Бизнеси худро огоз намо ва ривоч дех" баргузор гардид. Тренери ботачриба Бахриддин Шерматов ба 30 нафар занону духтаракони махалли, махсусан ниёзмандон ва имконияташон махдуд, ки асосан ба рушди хунархои мардуми машгуланд, асосхои сохибкори, тарзи сохтани бизнес накша, бозоршиноси, ташхис ва тахлили фаъолияти сохибкори, нархгузори, бехтар кардани сифат ва пешниходи махсулот ба бозор, роххои чалби муштариён омузонида шуд.

Comments

0 comments