Курси ДОШ

  • Шумо дар карантин ҳастед? Мо низ дар карантинем! Аммо, новобаста аз ин, аксия ва барномаҳои омӯзишии мо идома доранд! Мо ба Шумо имконияти беҳтар намудани дониши худ оид ба ҳуқуқҳои инсон дар давоми карантин ва як узви фаъол ва эҷодкори гурӯҳи ҳуқуқҳимоякунандагони ҷавон буданро пешниҳод менамоем. Акнун, мо кушодашавии озмун дар Курси ДОШ оид ба ҳомии ҳуқуқро эълон менамоем! Курси ДОШ оид ба ҳомии ҳуқуқ чӣ гуна курс аст? Курси ДОШ оид ба ҳомии ҳуқуқ ин як мавзӯъ дар доираи ҳуқуқи муайян, як мактаби ҳуқуқи инсон ва ё як чорабинӣ нест! Барои ҳар як ҳуқуқшинос ин имкониятест, то ҳама паҳлӯҳои ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро омӯхта, арзишнокии онҳоро дарк кунанд. Дар натиҷаи иштирок дар Курси мазкур Шумо чӣ бурд мекунед? Пеш аз ҳама иштирокчии Курс метавонад оид ба ҳуқуқи инсон, таърихи пайдоиш, муҳимнокӣ, категорияҳои ҳуқуқи инсон дониши мустаҳкам гирифта, имконияти таҳлил намудани ҳуҷҷатҳои миллӣ ва байналмиллалӣ, дуруст баҳс намудан, асоснок намудани мавқеи (позитсия) худ дар турниҳои мубоҳисавӣ (дебатные турниры), иштирок кардан дар мурофиҳои судии сохта, мурофиаи стратегӣ, иштирок варзидан дар Human Rights Fest ва иловатан, имконияти бурд намудани грантро барои идеяи беҳтарин пешниҳод менамояд. Айни ҳол, бинобар сабаби пандемияи ҷаҳонӣ, барои амалӣ намудани барномаи мазкур нақшаи омӯзиши Курс ба тариқи интернет ба роҳ монда шудааст. Кӣ дар Курси ДОШ оид ба ҳомии ҳуқуқ иштирок карда метавонад? Хатмакунандагони чорабиниҳои ДОШ оид ба ҳуқуқи инсон, донишҷуёни факултаи ҳуқуқшиносӣ, ки шавқи омӯхтани ҳуқуқи инсонро доранд, коромӯзони адвокатура, шахсоне, ки маълумоти ҳуқуқшиносӣ доранд ва ё омӯзгороне, ки фанҳои Ҳуқуқи инсон, Назарияи давлат ва ҳуқуқро дар муассисаҳои таҳсилотӣ дарс медиҳанд - то синни 33 солагӣ. Иштирок дар озмун ройгон аст. Барои ин мактуби ҳавасмандгардонӣ ва резюмеи худро ба почтаи электронии ozmunlaw@gmail.com равон кунед. Мӯҳлати охири қабули ҳуҷҷатҳо 5-уми июни 2020 сол. Телефон барои тамос: (+992) 93 333 1703

Comments

0 comments