Итоговый пост

  •  Натиҷаҳои асосии ташаббус.     

          Ташаббуси ташкилоти ғайритиҷоратии “Маркази рушди маъюбон” “Ташабусҳо баҳри рушд ва таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ” дар ҳамкорӣ бо Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ –Тоҷикистон (ХАОМ-Тоҷикистон), таҳти лоиҳаи “Фаъолгардонии ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сифати шахсони амалкунанда дар соҳаи идоракунӣ, ҳисоботдиҳӣ ва амалинамоии лоиҳаҳо барои рушди минтақаҳои деҳот” бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо дар деҳаи Вогати шаҳри Истаравшан як қатор тадбирҳоро ба иҷро расонид.

               Ҳадафи ташаббус:

      Ба роҳ мондани  воситаҳои фаъол гардонидани захираҳои ақлони деҳа барои  дастаҷамъона иҷро кардани тадбирҳои  рушди маҳал, таъсиси ҷои кори ва таъмини сокионон бо озуқавории   бехатар.

                 Вазифаҳои ташаббус:

    • Барпо кардани пойгоҳи техникии барои кумитаи деҳа, баланд бардоштани дараҷаи огоҳноки аъзоёни кумитаи ва фаъолони маҳал аз имкониятҳои дастаҷамъона ҳал намудани масъалаҳои рушд.  
    • Дар деҳа ташкил намудани пойгоҳи хурди ҳимояи  растанӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳнокии сокинони маҳал аз имкониятҳои парвариши занбӯри асал, меши зотии ширдеҳ, омӯзонидани малакаҳои соҳибкори ва ба занҳои дорои маъюбият дар деҳа омӯзонидани  ҳунарҳои дасти.  
    • Бунёди марҳилаи аввали коргоҳи  коркарди мавиз ва меваҳои хушк.

    Натиҷаҳо:

    1. Кумитаи деҳа, ки қаблан фаъолият мебурд расман дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз қайди баҳисобгири гузашт ва дар ин бора соҳиби шаҳодатнома  шуд.Барои кумита идораи кори сохта ба истифода дода шуд. Ташаббус ба он 2 адад миз. 1 адад ҷевони китоб. 12 адад курсии ниммулоим дастрас кард.  Барои Кумитаи деҳа шароити мусоиди кори фароҳам оварда шуд.
    2. Дар назди кумитаи деҳа аз ҳисоби мутахасисон, шахсони обрӯманд, аъзоёни кумитаи деҳа ва дигар фаъолон гурӯҳи ташаббускор бо номи “Ҳамкори барои рушд” таъсис дода шуд.
    3. Ташаббус дар якҷояги бо Кумитаи деҳа нақшаи “Нақшаи Рушди деҳаи Вогат барои солҳои 2019-2021” – ро тартиб дод ва барои паи ҳам амали шудани он кӯмак намуд.
    4. Мувофиқи ин нақша ва тадбирҳои дар ташаббус пешбинишуда сокинони деҳа барои дастаҷамъона иҷро намудани тадбирҳои рушд сафарбар карда шуданд.  Дар ин муддат корҳои зайл ба иҷро расид:
      • Барои кумитаи деҳа бинои идораи кори сохта ба истифода дода шуд.Ташаббус онро бо мизу курси ва лавозимотҳои кори таъмин намуд. Ин имкон дод, ки роҳбарияти кумитаи деҳа бе душвори фаъолият намояд, сокинонро дар мавзеъи муайяну обод қабул намуда масъалаҳояшонро барраси ва ҳаллу фасл намоянд, вохӯрию ҷаласаҳои кумитаи деҳаро дар он ҷо баргузор кунананд.  
      • Дар деҳа барои таъмини аҳоли бо оби нушоки наздик 13 километр хатти водопровод кашида шуд. Ду манбъаи таъминоти оби нӯшоки таъмиру тармим карда шуд. Барои захираи намудани об як иншоот бо ҳаҷми 100 метри мукааб сохта ба истифода дода шуд. Ин имкон дод, ки зиёда аз 650 хонавода бо оби нӯшокии доими таъмин шаванд. Бо ин роҳ масъалаи таъмини оби нӯшоки бошандагони деҳа пурра ҳали худро ёфт. 
      • Дар деҳа се адад пойгоҳи таъминоти барқ (трансформатор) васл карда шуд. Ин чораҷӯи имкон дод, ки масъалаи бо қувваи барқ таъмин шудани 460 оилаи бошандагони деҳа ва мактаби миёнаи умумии деҳа пурра ҳали худро ёбад.
    1. Дар назди кумитаи деҳа ташаббус дастаи (бригадаи безараргардони растаниҳо) таъсис дода онро бо 6 адад дорупошаки механики таъмин кард. Ин даста дар якҷоягии бо Ассосиатсияи истифодабарандагони оби деҳа минбаъд барои коркарди 240 гектар боғу токзори хоҷагиҳои деҳқони ва 205 гектар боғҳои наздиҳавлигии сокинони деҳа саҳмгузор мешавад. Ин тадбир ба 20 фоиз афзудани ҳосилнокии зироатҳои соҳаи растанипарвари мусоидат мекунад.

    6.Ташаббус барои баланд бардоштани дараҷаи огоҳнокии 50 нафар сокиони деҳа ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкори дар парвариши оруи асал ва меши зоти ширдеҳ чораҷӯи намуд. Ин нафарон аз имкониятҳои дастраси ба қарзҳои имтиёзноки барои ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкори огоҳ гардиданд.

    7.Ташаббус барои сокинони дорои маъюбияти деҳа курсҳои омӯзиши ҳунари бофтани дастиро дар хонаашон ба роҳ монд. Бо ин васила 11 нафар занони дорои маъюбият соҳибҳунар гаштанд.

    1. Ташаббус дар якҷояги бо соҳибкори маҳалли барои бунёди марҳилаи аввали коргоҳи коркарди ва басту банди меваҳои хушку мавиз тадбирҳо андешид. Пурра ба кор даромадани  коргоҳи мазкур дар зинаи  минбаъдаи ба нақша гирифта шудааст.  Ин иқдом имкон медиҳад, ки  30 бошандагони деҳа бо кор таъмин шуда, меваҳои хушки сокинон бо усули замонави ба харидорон пешкаш карда шавад.  

                                       

     Таҳлили SWOT

    1. 1.Паҳлӯи пурқувват
    2. Сокиони деҳа дар атрофи кумитаи деҳа муттаҳид гардиданд.Омодаанд дар масъалаҳо вобаста ба рушди деҳа саҳмгузор бошанд.

    2.Сатҳи огоҳнокии аъзоёни кумита ва фаъолони деҳа аз истифодаи имкониятҳои рушд баланд гардидааст ва барои сафарбар намудани аҳли ҷамоатчиги ба тадбирҳои равнақи деҳа омода ҳастанд.

    3.Таъминот бо қувваи барк ва об дар маҳал мувофиқи меъёр буда имкониятҳои техники барои рушди иқтисодию иҷтимои муҳаё аст.

    4.Барои мубориза бо зараррасонҳои растани дар деҳа имконияти техники мавҷуд аст.

    5.Наздикии масофа бо шаҳр имкон медиҳад, ки маҷмӯъи масъалаҳои алқаманд бо осони ҳаллу фасл карда шавад

    6. Кумитаи деҳа барои ташкил намудани кор бо мардум ҳаммаи шароитҳои заруриро дорад. 

     

    1. 2.Паҳлӯи камқувват

     

    1. Мустақилона бе дастури роҳбарияти ҷамоат ҳал карда натавонистани масъалаҳои пешомада аз тарафи раиси кумитаи деҳа.
    2. Кумитаи маҳалла алҳол соҳиби мӯҳр нашудааст.
    3. 3.Имконият

    1.Мустаҳкам намудани вазъи молиявии кумитаи деҳа аз ҳисоби расонидани хизматрасониҳо вобаста ба безараргардонии боғу токзорҳои бошандагони деҳа.

    2.Ба ихтиёри кумитаи деҳа гирифтани иншооти таъмини оби нӯшоки ва ба роҳ мондани хизматрасониҳо вобаста ба таъмини оби нӯшоки. Ин мустаҳкам шудани вазъи молияви ва дар назорати кумитаи деҳа қарор гирифтани ин иншоотҳоро таъмин мекунад.

    1. Сафарбар намудани сокинон барои сохта ба истифода додани майдончаи спорти ва ҳамом дар деҳа.

    4.Мукамал намудани маҷмӯъи ҳуҷатҳо вобаста ба оғози фаъолияти кумитаи маҳалла ҳамчун шахси ҳуқуқӣ.

    1. Таъсиси ҷойҳои кори дар деҳа аз ҳисоби ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкори.
    2. 4.Хатар
    3. Ҷамоати деҳот барои фаъолияти мустақилонаи кумитаи деҳа на ҳамма вақт рози аст.

    2.Тавакалҳо дар пешрафти фаъолияти соҳибкори ва аз мусоидии обу ҳаво вобаста будани даромаднокии сокинони деҳа.

      

     

     

     

     

     

     

Comments

0 comments