Натиҷаҳои лоиҳа

  • Ташкилоти чамъиятии “Дилафрӯз” – и вилояти Хатлон

    Санаи бақайдгирӣ: 19. 09. 2001 дар  Раёсати адлияи вилояти Хатлон ,  №- 127. Азнавбакайдгири: соли 2007  №105А,    соли 2019 № 105А-А 

    Натиҷаи фаъолияти  лоиҳаи “Ҳамкории кумитаи маҳал ва сохторҳои давлатӣ  бо максади ба оби нушоки таъмин намудани аҳолии деҳаи Пистамазори ҷамоати деҳоти Зиракӣ, ноҳияи Кӯлоб” бо ташаббуси Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон  дар чахорчубаи “Фаъолгардонии ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сифати шахсони амалкунанда дар соҳаи идоракунӣ, ҳисоботдиҳӣ ва амалинамоии лоиҳаҳо  барои рушди минтақаҳои деҳот” бо дастгирии молиявии Иттиходи Авупо

    Давраи амалишавии лоиха:  15.07.2019 то 31.12.2020.

    мақсади  лоиҳа:  Фаъолгардонии  Кумитаи маҳал барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани 1961 нафар аҳолии деҳаи Пистамазори ҷамоати деҳоти Зиракӣ, ноҳияи Кӯлоб  дар давоми 5 моҳ

     

     

     

    Дар давоми фаъолияти лоиҳа, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, гурӯҳҳои ташаббускор ва мақомотҳои давлатӣ  корҳои зерин ба анҷом расонида шуд:

    • Гузаронидани ҷаласаи Кумитаи маҳал бо иштироки 4 нафар аъзоёни кумита ва 86 нафар сокинон
    • Аз нав дида баромадани Оиннома ва шаҳодатномаи бақайдгирии Кумитаи маҳал дар ҷамоати деҳоти Зиракии ш. Кӯлоб
    • тасдиқи муҳр, штамп ва бланки Кумитаи маҳал
    • Ба имзо расонидани созишнома аз тарафи Ташкилот, Кумитаи маҳал ва Мақомоти давлатӣ
    • ташкил намудани гурӯхӣ ташаббускор аз ҳисоби аҳолӣ барои гузаронидани хатти оби нӯшокӣ дар деҳаи Пистамазор, дар масофаи 3270 метр
    • сафарбар намудани соҳибкорон, аҳолӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ дар маъракаи муҳим
    • гузаронидани 22 нуқтаи оби нӯшокӣ барои 110 хоҷагӣ дар деҳа
    • гузаронидани мониторинг аз тарафи мақомотҳои давлатӣ ва сармоягузорон
    • пешниҳоди хисоботҳо бо тариқи электронӣ
    • тайёр намудани баннер ва истифодаи он дар вохӯриҳо
    • тайер намудани логотипи оҳани дар назди ҳавзи бетонии деҳаи Пистамазор
    • Чорабинии идона бахшида ба истифода додани нуқтаи оби нӯшокӣ дар деҳаи Пистамазор бо иштироки шахсони мутассадӣ
    • Хамкори бо ВАО ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ
    • Чопи мақолаҳои ТЧ Дилафрӯз дар маҷаллаҳои вилояти Хатлон, оиди Рушди Кумитаи маҳал дар деҳот
    • ҳисоботҳои барномавӣ бо усули инфографика

    Амалишавии лоиҳа барои пурқувват гардонидани Кумитаи маҳал ва бонуфуз гаштани обруи Кумита дар назди ахолӣ, бо тариқи таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, барои ҳали мушкилотҳои дигари деха роҳи худро мекушояд.

    Дастрасӣ  дар интернет:

    Сахифаи ТЧ «Дилафрӯз» дар   Фейсбук:   https://www.facebook.com 

     (расмҳо оиди фаъолияти ташкилот)

    Сахифа дар сайти :  ngo.tj     mahalla.tj

    Почтаи электронӣ:     ngodilafruz@mail.ru     

    Роҳбари ТЧ «Дилафрӯз»-и вилояти Хатлон   Райхонгул  Хакбердиева